Қарор аст, дар Тоҷикистон аз ҳамин моҳ санҷиши фаъолияти соҳибкорону тоҷирон қатъ карда шавад, то ба гуфтаи мақомот, онҳо вақти бештаре барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ дошта бошанд.
Фармони раиси ҷумҳур дар бораи Эълони мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ рӯзи 16-уми март имзо шуд ва то рӯзи 1-уми январи соли оянда ҳукми эътибор дорад. Дар Тоҷикистон шикояти соҳибкорон аз тафтиши ниҳодҳои давлатӣ зиёд аст ва барои ин иборае доранд, ки «моро мисли гов медӯшанд».
Суҳбати имрӯза дар бораи он аст, ки оё дар воқеъ манъи тафтиши кори соҳибкорону тоҷирон натиҷа медиҳад, корашонро сабук мекунад. Барои суҳбат дар ин бора мо вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Саиҷаъфар Усмонзода ва иқтисодшинос, соҳибкор Аюбҷон Эгамзодро ба барномаи Гапи Озод даъват кардем.
Негізгі бет Соҳибкорони тоҷик аз тафтиш халос мешаванд?
Пікірлер: 97