Охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон дод, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ 30 дар сад кам карда шавад. Шумораи кормандони ниҳоде, ки ронандагон аксаран аз ришваситонӣ ва худсарии онҳо шикоят мекунанд. Зоҳиран, фармони ихтисор ба дунболи натиҷаҳои аттестатсия ё санҷиши дониши нозирони роҳ содир шудааст, ки моҳи июли соли гузашта оғоз ёфт. Теъдоди кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистонро мақомот эълон намекунанд ва маълум нест, чӣ қадар нозир дар роҳ кам мешавад. Дар як пурсиши кутоҳ дар хиёбонҳои пойтахт аз сокинон пурсидем ки оё баъд аз ин вазъияти роҳҳо беҳтар мешавад? Чаро 30 дарсади кормандони БДА ихтисор мешаванд?
Озодӣ дар Твиттер: / radioiozodi
Озодӣ дар Фейсбук: / radio.ozodi
Озодӣ дар Инстаграм: / radioiozodi
Негізгі бет Назари сокинон ба ихтисори 30 дарсадии корманди БДА
Пікірлер: 85