Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, лоиҳаи наверо омода доранд, ки дар сурати қабули он, истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза дода мешавад. Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст. Дар вазорати маориф гуфтанд, ба хонандагон иҷоза дода мешавад, ки аз китобҳои электронӣ истифода баранд, аудиоҳоро гӯш кунанд ва наворҳои марбут ба дарсашонро бубинанд. Ин дар ҳолест, ки 16 соли пеш, яъне соли 2007 бо фармони вазири онвақтаи маориф бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ шуда буд.
- 11 ай бұрын
Хонандаҳо телефон гиранд ё нагиранд?
- Рет қаралды 11,054
Пікірлер: 38