Раиси ҷумҳури Тоҷикистон амри даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро содир кард ва ҳоло низомиён ба қабули сарбозони нав ва хонаводаҳо ба пинҳон кардани бачаҳои худ омода мешаванд. Даъвати тирамоҳӣ ба артиш моҳи октябр оғоз мешавад ва барои наваскарон ду соли тамомро дар бар мегирад. То рӯзи даъвати расмӣ ҳудудан як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст ва акнун теъдоди ҷавонҳои сину соли хизмати аскарӣ низ дар кӯчаҳо бамартиб коҳиш ёфтааст. Ба сафи артиш ҷавонони аз 18 то 27 сола даъват мешавад. Аммо бо вуҷуди таблиғоти шабонарӯзии зарурати хизмат ба ватан, бахши умдаи ҷавонон борхалтаву ҷомадони худро ҷамъ кардаанд, то то рӯзи шурӯи даъват худро ба ҷойи “амн” бирасонанд. Аксаран ба Русия ва баъзан ба деҳкадаҳои дурдаст ба хонаи хешу табор паноҳ мебаранд. Назорат низомиён дар фурӯдгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан низ пеши роҳи фирор аз артишро гирифта наметавонад. Дар сӯҳбати сарироҳии дар хиёбонҳои Душанбе аз ҷавонҳо пурсидем, ки куҷо мегурезанд ва чаро мегурезанд?
- 9 жыл бұрын
Ҷавонон чӣ гуна аз "облава" мегурезанд
- Рет қаралды 315,832
Пікірлер